- кӯр
- [کور]1. он ки чашмаш намебинад, нобино, аъмо; кӯри модарзод он ки аз модар нобино таваллуд шудааст; кӯр кардан а) нобино кардан; б) ба воситаи чизе молида ё тарошида хатеро нест кардан; хати бутлон кашидан; кӯр шудан а) нобино гардидан; б) нохоно шудан (оид ба хат)2. маҷ. нодон, бесавод, аз олам бехабар; кӯр шуда маҷбур гардида, ноилоҷ монда, хоҳу нохоҳ; кӯр шавад! ҷазояшро бинад!, бало ба пасаш!; нону намакам кӯр кунад! дар мавриди маломат ба каси намакношинос ва носипос гуфта мешавад; кӯр асояшро як бор гум мекунад (зарб.) одам ки як бор фиреб хӯрд, ҳушёр мешавад ва кӯшиш мекунад, ки минбаъд фиреб нахӯрад; кӯр чӣ мехоҳад? – ду дидаи (чашми) бино (зарб.) дар мавриде мегӯянд, ки чизе айни муддао, хоҳиши дил бошад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.